АШТ: СИТОДИ КОРИИ ВИЛОЯТӢ БАРГУЗОР ШУД.

 157 боздид

05.12.2024

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди кории вилояти бо иштироки муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба ғунчини “Пахта-24”баргузор гардид.\

 Дар кори ситод масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалати вилоят, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия,  воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода кори ситодро оғоз намуда, вобаста бе талаф Ҷамъоварии ҳосили Пахта-2024 сухан гуфта даъват ба амал овард, ки муташаккилона сокинон фаъол бошанд.

Дар идома Даврон Зоҳидзода  вобаста ба ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта аз масъулин пурсон шуд.

Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд.

Роҳбари ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намоянд.

Дар фарҷом барои раъфи камбудиҳои ҷойдошта дастур дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.