АШТ: Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯрнамудани чораҳои зиддиэпидемикӣ

 999 боздид

Рӯзи 05 августи соли равон дар толори мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯрнамудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баргузор гардид.
Дар кори ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯрнамудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, масъулон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовинони раисони ҷамоту шаҳраку деҳоти ноҳия, сардухтури беморхонаи марказӣ, роҳбари КАТС, сардухтурони марказҳои саломатӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо иштирок доштанд.
Тавре Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар баромади худ иброз дошт, айни ҳол 4 нафар аз ҷамоатҳои деҳоти Понғоз ва Пунук 2 нафарӣ дар табобат қарор доранд, ки 2 нафар дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳё ва 2 нафар дар ҳолати миёнавазнин. Дар ноҳия кати карантинии бистарӣ 60 кат ва кати табобатӣ 50 кат дар умум 110 кат барои бистарӣ намудани мардум хизмат расонида истодааст.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо зимни суханронии худ зикр дошт, ки ҳарчанд дар маҳалҳо тавассути радиои маҳаллӣ ва сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риояи масофа ва нигоҳ доштани реҷаи ниқобӣ гузаронида шуда истодааст, аз тарафи мардум беаҳмиятӣ зоҳир мегардад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки камбудии мо аввал аз худи мо аст, зеро дар корхонаву ташкилотҳо, хусусан дар сохторҳои тандурустӣ ин талабот риоя карда намешавад.
Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони ноҳия, пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, бо мақсади таъмин намудани солимии аҳолӣ ва саривақт ошкору пешгирӣ намудани сироятёбӣ бо Covid-19, аз тамоми имконияту захираҳо муфид истифода намоянд.
Мавриди зикр аст, ки аз санаи 29 апрели соли равон то санаи 05 август ба беморхонаи маркази ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш 97 нафар нафар бистарӣ гардида, 5 нафар фавтида, 88 нафар сиҳат гардиданд. Аз инҳо 6 нафар гирифторони бемории сироятӣ нави короновирус (Covid-19) тасдиқ гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.