Нимаи дуюми имрӯз, зимни сафари кории худ Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, собиқадорони меҳнатро дар ноҳия аёдат намуданд.
Зимни аёдат Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодиро Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хуршед Фарҳодзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ва раисони ҷамоатҳо иштирок доштанд.
Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, ба хонаи собиқадорон Пулотов Акрамҷон сокини Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва Ҷиҳуналиев Усмоналӣ сокини Ҷамоати деҳоти Шодобаи, рафта аз ҳоли онҳо ва зисту зиндагониашон ошно гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба собиқадорон маводи яквақтинаи ғизоӣ тақдим карда шуд.