Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъи Ашт-сойи Ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаи Ашт, ки тариқи ҳашар идома дорад, ташриф оварда, дидан намуд.
Зимни сафари корӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони шарафманди ҷамоат сӯҳбати самимӣ анҷом дода, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар ин кори хайр изҳори сипос намуд.
Ба Раиси ноҳия маълумот дода шуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тариқи ҳашар ба роҳ монда шудааст.
Ба Шӯҳрат Муҳаммадзода маълумот дода шуд, ки ҳар ҳафта рузҳои истироҳат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тариқи ҳашар дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомҳои ободу зебосозӣ, дар идомаи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси вилоят ва ноҳия амалӣ