АШТ: СОХТМОНИ ДУ ПУЛ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АШТ ИДОМА ДОРАД.

 250 боздид

29.11.2024

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сафари корӣ ба қаламрави Ҷамоати деҳоти Ашт ташриф оварда, аз минтақаи деҳаи “Ашти боло”, ки  бунёди ду пули мошингузар тариқи ҳашар идома дорад, боздид намуд.  Дар рафти мулоқоти сарироҳӣ бо фаъолон роҳбари  ноҳия  бо дастандаркорон ва пешқадамон барои ин иқдоми нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ноҳия изҳори сипос намуд.

Ба Раиси ноҳия маълумот дода шуд,  дарозии пул аз 24 метр ва паҳноии он аз 4 метр иборат буда, дорои иқтидори борбардории зиёда аз  60 тонна мебошад. Барои бехатарии пиёдагардон роҳгузар бунёд шуда, иншоот тибқи меъёр ва талаботи муқарраргардида бунёд шудааст.

Қаблан аз сабаби набудани пул дар минтақаи мазкур хусусан занону кудакон мушкили доштан. Баъд аз мулоқоти қаблинаи роҳбари  ноҳия ҷавонони фаъол азм карданд дар муҳлати кутоҳ ду пулро бунёд кунанд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.