Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҷиҳати огоҳӣ ёфтан аз вазъи нашъунамои пахта ба хоҷагиҳои пахтакори ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ориён, Пунук, Ошоба ва Ифтихор ташриф овард.
Оид ба мубориза бо ҳашароти зараррасон, иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ, додани обу ғизоҳои минералӣ ва култиватсия дастуру супоришҳо дода шуданд.
Ёдовар мешавем, тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Р.Муҳаммадиев соли равон пахтакорони ноҳияи Ашт дар майдони 6.000 гектар кишти пунбадонаро анҷом додаанд.