АШТ: Таъғироти кадрӣ дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия

 304 боздид

Субҳи имрӯз 14 – уми январи соли 2022 дар толори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Ҳоҷиев Ҳалим, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони асосиатсияҳои истифодабарандагони об, масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ва кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ тағиротӣ кадрӣ ба амал омад.
Воҳидов Иброҳимҷон сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо сабаби расидан ба синни ниҳоии нафақа аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва ба ҷои ӯ собиқ муовини сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Бобоалиев Махфиралӣ сардори идораи мазкур таъин карда шуд.
Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят барои хизматҳои шоёни бисёрсола ва расидан ба дастовардҳои балани меҳнатӣ Воҳидов Иброҳимҷон бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Раиси ноҳия ва муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба кадри навтаъин дар вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ таманно карда, таъкид намуданд, ки поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат адои вазифа намояд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.