АШТ: Таҷлили бошукӯҳи Рузи ҷавонони Тоҷикистон!

 5 730 боздид

Бегоҳии 22 майи соли равон, дар майдони Парчами давлатӣ  бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва доираи васеи ҷавонон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил карда шуд, ки дар он наздик  20  (бист)  ҳазор нафар ҷавонону сокинони ноҳия ҷамъ омаданд.

Нахуст, аз назди шуъбаи маорифи ноҳия то майдони Парчамӣ давлатӣ раҳпаймоии ҷавонон, варзишгарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону кӯдакон баргузор гардид.

Дар раҳпаймоӣ ҷавонон дар даст шиору овезаҳои гуногун гирифта, шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии меҳан карданд. Онҳо якдилона иброз доштанд, ки пайравони Пешвои миллат ҳастанд ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро сармашқи кори худ медонанд.

Баъд аз анҷоми раҳпаймоӣ дар майдони парчами давлатӣ   Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада, ҷавононро ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфт.

Дар идома, дар фазои идона як қатор ҷавононӣ фаъол бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Сипас, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба 50 (панҷоҳ) нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ стипендияи Раиси ноҳия ва ба шахсони имконияташон маҳдуд тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Барномаи рангини аҳлӣ фарҳанг чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.