Субҳи рӯзи 28-уми июни соли равон Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат бо ҳамроҳии муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф ба масҷиди ҷомеи марказии «Шаҳидон»-и ҷамоати шаҳраки Шайдон ташриф оварда, сокинони ноҳияро бо Иди Қурбон табрик намуданд.
Нахуст Мирдадо Зариф табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, кулли мардуми шарафманди ноҳияро аз номи роҳбарияти вилоят табрику муборакбод намуданд.
Сипас Раиси ноҳияи Ашт дар Паёми табрикотии худ қайд кард, ки Иди саиди Қурбон дар худ арзишҳоеро таҷассум менамояд, ки ифодагари фарҳанги инсондустиву инсонпарвари буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳар фарди доро ба вазьи зиндагии эҳтиёҷмандон, кумаку дастгирии онҳо мебошанд
Мавриди зикр АСТ, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрикоти роҳбарияти ноҳияро дар масҷидҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба самъи сокинон расониданд.
Хадамоти Матбуотии Ноҳияи Ашт