АШТ: Таҷлили Рўзи Қувваҳои​ Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия.

 382 боздид

Субҳи имрӯз 23 – юми феврали соли 2022 дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия, собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва афсарону сарбозон ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат зимни суханронӣ дар ҷамъомад собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд, табрику таҳният намуд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шуҷою далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин намояд.
Зеро, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генарали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки “Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси кишварамон мебошад. Зеро, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ба ҳар як фарди содиқ ва бо нангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Қобили қайд аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.
Фарзандони асили ноҳия низ дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри адои қарзи фарзандӣ камар бастаанд.
Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ баҳри ободӣ, таъмир ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ, беҳтаршавии талаботҳои иҷтимоӣ доимӣ дастгирӣ менамояд.
Боварӣ дорам, дар кори тарбия кардан ва ба воя расидани мутахассисони барҷастаи соҳаи ҳарбӣ, афсарони содиқи Ватан саҳми кормандони комиссариат ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ минбаъд беҳтар гашта, дар ҳифзи дастовардҳои Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.
Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ анъанаҳои шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҳимояи Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард.
Ҳамаи Шумо родмардони миллат ва муҳофизони сулҳу ваҳдатро бори дигар ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ҳарбӣ пирӯзӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва комёб бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!
Инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саҳми ҳозирин расонид.
Сипас, аз ҷониби Раиси ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома, медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссириати ҳарбии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат аз ҷониби комиссари ҳарбии ноҳия бо медали ҷашнии “25 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қи бо фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.02.2022 , №28 тасдиқ карда шудааст, сарфароз гардонида шуд.
Дар охир барномаи рангини консертии аҳли фарҳанг манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Нимаи дуюми рӯз роҳбарияти ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия ташриф оварда, ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозонро ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Ҷиҳати болидахотирии афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ чорабинии фарҳангӣ ва дастурхони идона ташкил карда шуда, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.