АШТ: Таҷлили Рӯзи дониш дар муассисаҳои таълимии ноҳия

 491 боздид

Субҳи имрӯз, 1 сентябри соли 2021 бо иштироки Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия дар доираи васеи омӯзгорон ва хонандагон дар муассисаи таълимии рақами 2 ноҳияи Ашт Рӯзи дониш таҷлил карда шуд.
Ҳакимзода Ҳаким Карим сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи дониш ба самъи ҳозирин расонид.
Раиси ноҳия дар баромади худ зикр дошт, имрӯз дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ оғоз менамоянд.
Ба ин муносибат устодону омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус, кӯдаконеро, ки имсол ба боргоҳи маърифат қадами нахустин мегузоранд, табрик мегӯям.
Ҳамчунин, ҳозирин ва мардуми ноҳияро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз рӯзҳои башумор бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад,самимона шодбош гуфта, саломативу сарбаландӣ орзу менамоям.
Дар замони пуртаззод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти хоса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад.
Аз ин рӯ, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.
Омӯзгорон бояд ба шогирдони худ ҳангоми дарси сулҳ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат маънидод намуда, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.
Маҳз, ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мактабу маориф боис гардид, ки дар соли хониши 2020-2021 иштирокдорони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёд гардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби 79 медал гардиданд. Илова бар ин, иштироки хонандагон дар Академияи хурди илмҳо низ назаррас буда, дар ин муддат 63 нафар хонандагон аъзои Академияи хурди илмҳо гардиданд.
Соли равон аз 2176 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1643 нафар ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар ба Маркази миллии тестӣ супорида, 1432 нафар унвони донишҷӯро соҳиб гардиданд.
Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки солҳои охир теъдоди довталабон ба муассисаҳои олӣ ва касбии хориҷи кишвар алалхусус, Федератсияи Руссия зиёд гардида, то ба имрӯз 448 нафар донишҷӯён дар хориҷа таҳсил намуда истодаанд.
Бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56, сохтмони Кӯдакистони хусусӣ дар маркази ноҳия, сохтмони толори варзишӣ дар муассисаҳои таълимии рақами 26 ва 32 идома дошта, дар радифи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.
Президенти кишвар пайваста таъкид месозанд, роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо баланд бардоранд.
Ҳамчунин, падару модарони муҳтарамролозим аст, назоратчӣ набуда, фарзандони худро тарбия кунанд ва барои ҳамчун инсони комил ба воя расидани онҳо заҳмат кашанд. Ин кор танҳо вазифаи мактаб ва омӯзгор нест.
Шумо ҷавонони азиз, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки гузаштагони мо-тоҷикон дар тӯли тамоми таърих соҳиби саводу маърифат, китобу қалам, илму дониш ва офарандагони яке аз тамаддунҳои бостонӣ, инчунин, шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.
Миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз таърихан соҳиби ғурури миллӣ ва ҳисси баланди миллӣ мебошад.
Итминон дорам, ки Шумо-ворисони аҷдоди сарбаланду некноми мо бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки давлату Ҳукумат бароятон муҳайё кардааст, ҳамчун насли сазовори номи неки миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли худ ба камол мерасед.
Бо чунин орзуҳои нек тамоми хонандагон, аҳли маориф, падару модарон, сокинони ноҳия ва ҳамаи Шумо-ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори ҷашни бузурги давлативу миллӣ-сисолагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи дониш дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.