АШТ: Таҷлили Рӯзи энергетикҳо дар ноҳия

 52 боздид

Субҳи имрӯз 23 – юми декабри соли равон дар Маҷмааи фарҳангӣ фароғатии 30-солагии Истиқлол чорабинии идона бахшида ба 85 солагии Рӯзи энергетикҳо баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса, роҳбари филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон Нарзуллода Кароматулло, роҳбарият ва кормандони шабакаҳои барқи вилоят, ноҳия ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбари филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон Нарзуллода Кароматулло ба сухан баромада, иштирокчиёни чорабинӣ ва кормандони соҳаро бо Рӯзи энергетикҳо табрику муборакбод намуданд.
Муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса табрикоти Раиси ноҳия Мирдадо Зарифро ба аҳли кормандон ва собиҷадорони шабакаи барқи ноҳия расонида, қайд намуданд, ки ҳамасола 22 декабр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо ботантана таҷлил мегардад. Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи кормандони ин соҳаи муҳимро самимона шодбош гуфта, саломатии бардавом, барору комёбӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатиро таманно менамоям.
Масъалаи рушди соҳаи энергетика дар тӯли 30-соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва 22 декабр ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 сол пур шуд.
Дар ин давра соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гардида, имрӯз он дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунандаро мебозад.
Боиси қайд аст, ки бо дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетикӣ, умуман ба рушди соҳаи энергетика эътибори хоса дода шудааст. Сарвари кишвар, бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳам аҳолӣ ва ҳам ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо дар истифодаи нерӯи барқ ба сарфакорӣ роҳ дода, бо ин амали нек дар рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми худро мегузоранд.
Бори дигар ба ҳамаи Шумо иди касбӣ муборак гуфта, итминон дорам, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи энергетикаи кишвар саҳми босазои худро мегузоред.
Рӯзи касбӣ муборак бошад!
Сипас, аз ҷониби муовини Раиси ноҳия ва роҳбари филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон ба якқатор кормандон ва собиқадорони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ва як пиёла чойи идона ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.