АШТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАНГОВАРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛ ДАР НОҲИЯ

 437 боздид

15.02.2023
Имрӯз, саҳни назди муҷассамаи Ҷанговарони байналмилал бо парчамҳои ҷашнӣ оро дода шуда, бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода чорабинӣ бошукӯҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, ҷанговарони байналмилал, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз аз тарафи Раиси ноҳия ва ҷанговарони байналмилал ба назди муҷассамаи ҷанговарони шаҳидон гулчанбар гузошта шуд. Пас аз як дақиқа лаҳзаи хомӯшӣ барои Поси хотири шаҳидон бо ҳузури иштирокдорон акси хотиравӣ гирифта шуд.

Сипас, ҷамъомади тантанавӣ дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома ёфт ва Шӯҳрат Муҳаммадзода ба самъи ҳозирин номаи шодбошии худро ироа намуд:
«Ҳар сол 15-уми феврал ҳамчун Рӯзи баровардани Қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон қайд карда мешавад. Ҷамъомади имрӯзаи ҷанговарони байналмилал бо гузашти солҳо ва рӯзҳо бори дигар аз ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, қаҳрамониҳо ва шуҷоату мардонагии шахсоне, ки бо ҷавонии худ нигоҳ накарда дар ин набардҳои хунин иштирок карданд ва қарзи интернатсионалии худро иҷро намуданд, шаҳодат медиҳад. Ин қаҳрамониҳо аз он далолат медиҳад, ки афсарону сарбозон дар муҳорибаҳо барои таъмини адолат ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқи Афғонистон ва тинҷиву оромии он ҷонбозиҳо намуданд.»
Дар идома, роҳбари ноҳия Сипоснома ва кӯмакпулии пули яквақта ба ҷанговарони байналмилал ва наздикони дар майдони ҳарбу зарб ҷоннисоркарда дар вазъи тантанавӣ тақдим намуд.
Баъдан, Иномҷонов Собирҷон- ҷанговари байналмилал баромад намуд:
Мо мардуми солори ноҳия аз сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ буда, бо шукргузорӣ аз оромӣ зиндагӣ ба сар мебарем. Бояд гуфт, ки ҷанг қурбонӣ мехоҳад ва ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик тарафдори ҷанг нестанд, аммо барои ҳифзи сарзамини худ ҷони худро нисор мекунанд. Имрӯз, бояд ҷавонон ин оромиву ободиро қадр намоянд. Барои таваҷҷуҳи хоса ба Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода изҳори сипос намуданд.
Неъматов Обидхуҷа-бародари сарбози дар ҷанг ҳалокгардида, ба сухан баромада, барои ташкил намудани чунин чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.