АШТ: Таҷлили “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ШВКД

 159 боздид

1.11.2024

Дар толори маҷлисгоҳи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бахшида ба таҷлили 30-умин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ сардори Шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, подполковники милитсия-Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ҳайати шахсиро  бо камоли эҳтиром ва таманниёти нек ба ифтихори ин ҷашни фархундаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор ва сарбаландиву барори кор таманно намуданд.

Қайд гардид, ки воқеан дар ин айёми начандон тӯлонӣ ба шарофати заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муҳими сиёсӣ бо такя ба анъанаҳои миллии ниёгонамон барои эъмори давлати озоду мустақил ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Маҳз аз ҳамин хотир гузаштагони тамаддунофари мо ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддасро тавассути эъҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равонагардида эмин нигоҳ доранд ва имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки ин анъанаи нек дар замони муосир идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки онҳо хоси мақсаду мароми миллати фарҳангсолори мо мебошад.

Дар иртиботи ин баҳогузорӣ Пешвои муаззами миллатамон чунин ибрози назар намудаанд, ки: — «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад.  Зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст.».

Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, раиси Шӯрои собиқадорони  ШВКД дар ноҳияи Ашт, муовинони сардор, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вобаста ба манзалати ин санади тақдирсоз баромад намуданж.

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.