АШТ: Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳия

 779 боздид

Субҳи имрӯз, санаи 8 – уми ноябри соли 2021, дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии идона гузаронида шуд.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони милитсия, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқ Раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти ноҳия, дар саҳни шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, баҳри поси хотири шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар роҳи адолат, пойдории давлату миллат, дар муборизаҳои шадид ҷон нисор кардаанд, гулчанбар гузошт.
Сипас дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” Раиси ноҳия Мирдадо Зариф дар баромади худ собиқадорон ва кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Аштро таҳният намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дошта, иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Таърихи ташаккул ва рушди мақомоти корҳои дохилӣ аз саҳифаҳои бисёр ибратбахш ва намунаи заҳмати фидокоронаи ҳайати шахсӣ иборат мебошад. Мақомоти милитсияи тоҷик, бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рӯзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ӯҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор – барқарор кардани сохти конситутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд.
Маҳз дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ва дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон аз тамоми санҷишҳои талхи таърихӣ гузашта, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст.
Имрӯз мо бо изҳори боварӣ гуфта метавонем, ки Шумоён муҳтарам собиқадорон, кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ ва ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ бо мақсади таҳким бахшидан ба риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аз таҳти дил ва содиқона ба Ватан хизмат намуда, соли таърихии 2021-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст менамоед.
Бори дигар, ҳамаи кормандони шуҷоатманди милитсияи ноҳияро ба ифтихори Рӯзи милитсия муборакбод менамоям.
Ба ҳар яки Шумо – муҳофизони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас – ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа барори кор орзумандам.
Иди касбӣ муборак, ҳомиёни ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ, ҳамеша пешсаф бошед!
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Тағойзода Давлатшоҳ Тағой собиқадорон, кормандони ШВКД дар ноҳия ва сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи милитсия табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон бурдбориҳо таманно намуд.
— Маҳз натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо аст, ки дар пешгирӣ аз қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар сафи аввали мубориза ҳастанд.
Сипас ба як қатор собиқадорон, кормандони милитсия Ифтихорнома, Сипоснома, туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, медалҳои ҷашнӣ ва ба оилаҳои дар набардҳо ҳалок гардида, кӯмакпулии яквақтаинаи роҳбарияти ноҳия тақдим карда шуд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.
Инчунин ба собиқадорони соҳа дар тӯйхонаи “30-солагии Истиқлол” як пиёла чойи идона баргузор карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.