АШТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯ.

 329 боздид

9-уми августи соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рӯзи варзишгарон дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш, варзишгарони ҷавон , ҷавонони фаъол ва дигар сохторони дахлдори мақомоти иҷроия иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар  Паёми табрикотии худ қайд намуд:

“Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, “Мо мояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.”
Дар идома Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.