Нимаи дуюми имруз 17 – уми сентябри соли равон, бо ташаббуси сокинон, соҳибкорон, саховатмандони деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо харидории 825 (ҳаштсаду бисту панҷ) тонна асфальти гарм ба маблағи 580 (панҷсаду ҳаштод) ҳазор сомонӣ мумфаршкунии зиёда аз 2км роҳҳои дохилии деҳаи мазкур оғоз гардид.
Дар оғоз намудани мумфаршкунӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, собиқадорон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин ташаббусҳои созандагию ободкорӣ дар дигар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Понғоз идома дорад.