АШТ: ТАЪМИРИ РОҲИ ХУҶАНД-АШТ ОҒОЗ ГАРДИД

 605 боздид

Имруз, 08.06.22 Раиси ноҳия Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия, масъулин соҳаҳои дахлдор ва фаъолон ба таъмири роҳи Хуҷанд-Ашт ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Роҳбари ноҳия бо гузоштани асфалти гарм ба кори таъмир оғози расмӣ бахшида, бо зиёда аз 100 нафар кормандон сӯҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Баъдан ҷамъомад бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша, фаъолони 9 ҷамоати ноҳия, пирони кор доир гардид ва сарвари ноҳия баромад намуд:

«Мардуми меҳнатқарини ноҳия дар ҳар давру замон барои ободкориву созандагӣ ташаббус нишон доданд ва маҳз бо дастгирии Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ мо дар паҳлуи Роҳбари давлат сарҷамъ гашта диёрамонро ободу зебо мекунем. Бо ҳидоятҳои роҳбарияти Олии кишвар роҳи Хуҷанд-Ашт аз таъмири хушсифат мебарод.» Баъдан соҳибкорони саховатпеша, ки барои роҳи Хуҷанд-Ашт ҳиммат карданд аз ҷониби роҳбарияти ноҳия

бо Сипомнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.