Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарону кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ноҳия, корхонаву ташкилотҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони марказҳои саломатӣ, фаъолони ноҳия Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамошо намуданд.
Пешвои муззами миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ дар бораи то рафт мураккаб гаштани вазъ сиёсии ҷаҳон, таълиму тарбия, илму маориф, ватандўстиву ватанпарастӣ, ҳунару забономӯзӣ, тоззаву озода нигоҳ доштани маҳалҳо, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои ў, волоияти қонун ва амсоли онҳо баёни андеша намуданд.
Паёми мазкур ҳамчун ҳидояти муҳими Президенти кишвар дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд.
Махсусан сокинони ноҳия аз баёни гардидани азнавсозии роҳи Хуҷанд-Ашт хеле рӯҳбаланд гардиданд. Минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми шарифи ноҳия Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кории худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро менадешад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт