АШТ: ТАҚДИМИ КӮМАКПУЛИҲОИ РАИСИ НОҲИЯ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ ВА АҚИБГОҲ

 183 боздид

Ҳамасола дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Ғалаба қаҳрамониву диловарӣ ва ҷоннисориву мардонагии қаҳрамонону иштирокчиёни ду ҷабҳа аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар қадр карда мешаванд.
Аз ин ҷост, ки имрӯз низ ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ ва заҳматкашони ақибгоҳро раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия З.Мамадҷонов, мудири шуъбаи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и ноҳия Б.Тоҳиров ва раиси иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ Ш.Маҳкамова аёдат намуда, кӯмакпулии яквақтаи идонаи Раиси ноҳияро дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба иштирокчиёни ҶБВ ва 300 сомонӣ ба заҳматкашони ақибгоҳ супориданд.
Бояд гуфт, айни ҳол дар ноҳияи Ашт 9 нафар иштикрочиёни ҶБВ зиндагӣ мекунанд: Азимов Исматулло, Ҳоҷиматов Қӯчқор, Холматов Абдуқодир (ҷ.д.Понғоз), Ибрагимов Ҳоҷиқурбон, Мирзалиев Сотим (ҷ.д.Пунук), Бобокалонов Содирҷон, Усмонов Эргашбой (ҷ.д.Ашт), Хоҷаев Ҷуман (ҷ.д.Ориён), Юнусов Урушбой (ҷ.д.Ифтихор).
Дар ноҳия 24 нафар меҳнаткашону фидокорони ҷабҳаи ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш ба нӯҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кӯмакпулии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 6000 сомонӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода (4000 сомонӣ) супорида шуданд. Ҳамчунин кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилоят ба 24 нафар заҳматкашони ақибгоҳ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Кӯмакпулиҳои Пешвои миллат аз ҷониби муовини сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва кӯмакпулиҳои Раиси вилояти Суғд аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и вилоят Мирзоқосим Каримзода бо эҳтироми самимӣ ва бозгӯи беҳтарин таманниёт супорида шуданд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.