АШТ: Тақдими ниқобҳои муҳофизатӣ ба сокинони ноҳия

 436 боздид

Дирӯз бо ибтикори сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ноҳияи Ашт Муродҷон Мирзоев ва кормандони ин ниҳод дар бозори марказии шаҳраки Шайдон ва ҷодаҳои маркази ноҳия ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ тақдим карда шуд.

Тавре ба мо аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ноҳияи Ашт иттилоъ доданд, ин иқдоми пешгирифтаи онҳо барои пешгирии бемории ҳамагири Covid-19 буда, ин иқдомро дар тамоми қаламрави ноҳия иҷро хоҳанд кард. «Дирӯз кормандони мо беш аз 250 адад ниқоби муҳофизатӣ ба сокинон тақдим намуданд».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ноҳияи Ашт дар бозори Ҷамоати деҳоти Понғоз ба сокинони ноҳия ниқобҳои тиббӣ тақдим карда мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.