Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоноид ба зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ санаи 27 – уми марти соли равон, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода аз рафти корҳо дар гармхонаи навташкили сокини деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Дӯстон” сохибкор Ғафуров Фарҳодҷон дидан намуд. Гармхона аз 1 гектар иборат буда, дар ин ҷо бо ширкати Раиси ноҳия ва дуои пирони кор шинонидани ниҳоли лимӯ оғоз ёфт.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо фаъолияти гармхона аз наздик шинос шуда, бо баробари изхори каноатманди аз ин икдоми неки сохибкор, барои нигоҳубини махсулоти парваришшаванда ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти гармхонадорӣ ба сохибкор тавсияҳои судманд дод.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир ин намуди соҳаи кишоварзӣ рушд ёфтаасту аксар бо ҳамин васила ризқу рӯзии худро ба даст меоранд.
Хамзамон бунёди чунин гармхонаҳои замонавӣ ва руёнидани ҳосили фаровон барои таъмини фаровонӣ дар бозор мусоидат намуда, барои таъмини бештари мардум бо ҷойи корӣ замина фароҳам меовард.