АШТ: Ташрифи коршиносони ташкилоти Hilfswerk Austia International ба ноҳия

 284 боздид

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаҳои 6 – 7 – уми октябри соли равон, коршиносони ташкилоти Hilfswerk Austia International Паскаль Бернардони – коршинос оид ба нишондодҳои ҷуғрофӣ, Стоянка Манолчева – менеҷери ташкилоти Hilfswerk Austia International дар Осиёна Миёна, Любимова Анастасия – намояндаи ташкилоти Hilfswerk Austia International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳасанов Равшан – намояндаи маркази идоракунии сифат дар вилоят бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварданд.
Нахуст меҳмононро Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳо бо ташкилоти мазкур оид ба самти кишоварзӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намудани зардолу мубодилаи афкор намуданд.
Баъдан коршиносони ташкилоти мазкур аз кооперативи истеҳсолии “Фирдавс”- и Ҷамоати деҳоти Ошоба, хоҷагии деҳқонии “Акмал” – и Ҷамоати деҳоти Меҳробод, хоҷагии деҳқонии “Азиз” – и Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Раёсати кишоварзии ноҳия ва Ассосиатсияи зардолупарварони ноҳия дидан намуданд.
Мақсади асосии ташрифи меҳмонон ин омӯзиш ва пешниҳоди зардолуқоқи мағздори навъи “Аштак” ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва шиносоӣ пайдо намудан аз майдони умумии боғҳои зардолу, сифати мева, навъи асосии пешниҳодшавандаи “Мирсанҷалӣ”, технологияи хушк кардани мева ва бунёди боғҳо мебошад.
Калимаи “Аштак” номи кӯҳнаи қоқи офтобии бо мағзи зардолу пуркард шуда буда, аз аҷдодон боқӣ мондааст.
Ба талаботи лоиҳа ҷавобгӯи ин навъи маҳсулоти ноҳия аз тарафи хоҷагидорон фаҳмонида дода шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ба ин лоиҳа аз 90 намуди маҳсулотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аштаки ноҳияи Ашт, лимуи шаҳри Бохтар ва қурути ноҳияи Мастчоҳ интихоб карда шудааст.
Зардолуқоқи офтобии навъи “Мирсанҷалӣ” ба намояндагони лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки то аз рӯи бӯй, қанднокӣ ва дигар нишондодҳо дар озмоишгоҳ санҷида мешавад.
Дар охир дар толори меҳмонхонаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон тренинг оид ба нишондиҳандаҳои ҷуғрофӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассосиатсияҳо баргузор гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.