АШТ: ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ИТАЛИЯ БА НОҲИЯ

 3 257 боздид

Имрӯз, 21.07.22 Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода соҳибкорони кишвари Италия Имерио Таккелла, сармоягузори ширкати “Ҷавонӣ” дар шаҳри Хуҷанд ва Лаура Таккелларо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба оид ба коркарди нахи пахта, истеҳсоли сару либос, коркади ришта гуфтушуниди судманд анҷом доданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода гуфт:

“Бо хизматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ пурра имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Мо омода ҳастем дар ноҳия барои муҷҷаҳазсозии коргоҳҳо бо таҷҳизоти муосири коркарди нахи пахта ҳамкорӣ намоем.”.

Имерио Таккелла афзуд, ки барои коркарди ришта аз нахи пахта ҳавасманд аст ва пас аз омода шудани лоиҳаи ҳамкорӣ корҳои истеҳсолиро ба роҳ мемонад.

Сипас, меҳмононро роҳбари ноҳия аз ҷараёни сохтмони корхонаи ҷӯроббофӣ бо 200 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсолии пахтаи ҶДММ ”Рахшона”, нашъунамои пахта ва рушди моҳипарварӣ дар ҳудуди ноҳия шинос намуд.

Дар фарҷом соҳибкорони хориҷӣ аз қабули самимӣ ва таваҷҷӯҳи воло ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт изҳори сипос намуданд. Акси хотиравӣ анҷомбахши сафари кории соҳибкорони хориҷӣ буд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.