АШТ: ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДА АСТ!

 65 боздид

Дирӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим ташриф оварданд.
Меҳмонон аз фаъолият ва вазъи мактабҳои варзишии ноҳия, майдончаҳои варзишӣ, варзишгоҳи марказии шаҳраки Шайдон, майдончаи варзишии кӯчаи ба номи М.Воҳидов дидан карданд. Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз вазъи имрӯзи варзиш ва ҳамчунин рӯз аз рӯз зиёд шудани миқдори майдончаҳои варзишӣ сухан гуфт. Қайд карда шуд, ки ҷавонони аштӣ ба ҳамаи намуди варзиш, бахусус ба футбол (айни замон дар ноҳия мактаби махсуси футбол амал мекунад), волейбол, гӯштини тарзи озод, бокс, дастхобонӣ, тенниси рӯйи миз ва ғ. майли зиёд доранд. Ва аз ҳама хурсандиовараш ин аст, ки имрӯз қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳам бо дастгирии роҳбарияти ноҳия ва ҳам бо иқдоми соҳибкорони варзишдӯст майдончаҳои варзишии мухталиф рӯйи кор омадаанд. Ин аз як ҷиҳат барои пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим ва аз ҷониби дигар пешгирии ҳодисаҳои номатлуби гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва ҳам ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.
Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҷиҳати боз ҳам суръат бахшидан ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, шароити хуб фароҳам овардан ба ҷавонони варзишдӯст ва бад ин васила ба ҷомеа ҳадя намудани насли солиму ояндасоз маслиҳатҳои муфид дод.
Тибқи маълумоти мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши н. Ашт Парвиз Салоҳиддинов айни замон дар ноҳия ду мактаби варзишии рақамҳои 1 ва 2 амал мекунанд, ки дар онҳо 1485 нафар ҷавонони варзишдӯст, аз ҷумла 238 нафар духтарон таҳти устодии 68 нафар мураббиёни таҷрибадор тамрин менамоянд. Дар мактабҳои варзишии ноҳия варзишдӯстон аз рӯйи 18 намуди варзиш машқ мекунанд.
Дар анҷом меҳмонон аз Муассисаи давлатии вилоятии театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов дидан карданд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.