АШТ: ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНРО ҚАБУЛ НАМУД

 155 боздид

Имрӯз, 27.05.22 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт қабули шаҳрвандон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, корманди мақомоти мазкур Парвиз Маҷидов ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода сурат гирифт. Дар қабул роҳбарони сохторҳои дахлдори ноҳия ширкат намуданд ва вобаста ба соҳаи худ ба саволи шаҳрвандони муроҷиатнамуда равшанӣ андохтанд. Нахсут, Умед Бобозода вобаста ба ҳуқуқи инсон ва таҳкими қонунгузорӣ дар кишвар маълумот дод:
“Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст ва пурра онро давлат риоя ва ҳимоя менамояд.”

Баъдан дар ҳамбастагӣ бо роҳбари ноҳия муроҷиати шаҳрвандонро вобаста ба масъалаҳои таъмини фаҳмонидани имтиёз ба иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, гирифтани замини наздиҳавлигӣ, баҳси замин дар хоҷагии деҳқонӣ, баҳсҳои оилавӣ ва пардохти алимент, оид ба зиёд намудани нафақа, оид ба маскункунӣ баррасӣ намуданд ва посухи амиқ гуфтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.