АШТ: ВАЗЪИ ЭПИДЕМИКӢ, БЕЗАРАРГАРДОНӢ, РАҚАМҲО

 341 боздид

Соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Ашт, соҳибкорону шаҳрвандони саховатманди ноҳия ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза дар мубориза аст.
Тибқи иттилои сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ашт Абдурауф Имомов айни замон дар беморхонаи маркази ноҳия 9 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд. Шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва бачагона барои қабули беморон бо фароҳамсозии ҳамагуна шароит ва 70 кат омода карда шудааст. Ба бемороне, ки ҳолаташон нисбатан сабук аст, табиб Муаттара Зокирҷонова, ҳамшираи тиб Эшматова Комила ва оростакор Гулсара Ҳоҷиматова хизмати тиббӣ мерасонанд.
Бемороне, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, таҳти назорати табиб Ҷасур Рӯзиматов, ҳамшираҳои тиб Гулбаҳор Амонова, Мавҷуда Ҳусейнова қарор доранд.
Боиси зикр аст, имрӯз баробари соҳибкорону саховатмандони ноҳия (ҳарчанд сафашон кам аст), худи кормандони соҳаи тандурустӣ низ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, табиби сироятшинос Нозанин Ҳувайдуллоева, сарҳамшираи БМН Ашт Матлуба Мирзоева, табиби озмоишгар Наргис Орипова, асабшинос Музаффар Турсунов, Ҳ.Ахмедов, сокинони ноҳия И.Дадоматов, Ш.Масолиев, Ҳ.Мирзоматов, Ғ.Мирзоев, Ш.Масолиев, Р.Самиев ва чанди дигар то қадри имкон кӯмаки худро мерасонанд.
Маркази саломатии ноҳияи Ашт ва кормандони он таҳти сарварии Шуҳратҷон Имомназаров имрӯзҳо бо тамоми ҳастӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус мубориза мебаранд.
Ин ҷо шуъбаҳои тибби оилавӣ, озмоишгоҳ, рентген, тарзи ҳаёти солим, дандонпизишкӣ, бачагона, табиатшифоӣ, амрози занона, бемориҳои дарунӣ, гӯшу гулӯю бинӣ (лор), осебшиносӣ, қанд, қабулгоҳ ва чанди дигар фаъолият доранд.
Тибқи иттилои сарвари КАТС-и ноҳияи Ашт Ш.Имомназаров ҳамаи шуъбаҳо дар як рӯз ду маротиб пеш аз оғоз ва баъди анҷоми кор безарар гардонида мешаванд.
Айни ҳол наздики 2000 нафар донишҷӯёне, ки аз шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳия ворид шудаанд ва ҳамчунин 102 нафар шаҳрвандони ноҳия дар карантини хонагӣ қарор дошта, аз ҷониби табибони оилавӣ пайваста зери назоратанд.
Боиси хушнудист, яке аз соҳибкорони саховатманди ноҳия Шуҳратҷон Мамадҷонов барои сӯзишворӣ ва ҳамчунин бо либосҳои худмуҳофизатӣ таъмин намудани Маркази саломатӣ пайваста дасти мадад дароз менамояд.
Ҳамчунин бо ёрмандии соҳибкорони хайрхоҳи ҷамоати деҳоти Понғоз наздики 2000 тавсияномаҳо ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ба аҳолӣ дастрас карда шуд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.