АШТ: ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ

 773 боздид

Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини  сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматов Искандар, Нурзода Муҳаммаднабӣ прокурори калони Прокуратураи генералӣ ва  прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар бо масъулини дахлдори самти замин вохурӣ анҷом доданд.

Дар ҷамъомад муовинон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мутахассиони заминсозӣ дар ноҳи ва ҳудуди ҷамоатҳо, кормандони бақайдгирии муолу мулки ғайриманқул, сохторҳои хулосадиҳанда  ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз Нурзода Муҳаммаднабӣ прокурори калони Прокуратураи генералӣ баромад намуда, вобаста ба вайрон шудани талаботи қонунгузорӣ дар самти замин маълумот дод.

Ҳамзамон, бобати пешгирии хариду фурӯши замин, ғайриқонунӣ истифодаи замин, додани хулосаҳои беасос аз ҷониби комиссияи интихоби замин, додани ҳисоботи омории бардуруғ оид ба кишту кор, сохтмони ғайриқонунӣ дар қитъаи замин ва дурусту  қононуни пешниҳод намудани санади истифодаи замин  маълумоти муафассал дод.

Сипас, Раиси ноҳия баромад намуда, зикр кард:

«Воқеан, имрӯз масъалаи истифодаи самараноки замин дар меҳвари сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад ва ин нукта дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид карда шудааст.

Мо вазифадорем, ки бо истифодаи имкониятҳо дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем.»

Дар идома, муовини  сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматов Искандар бобати риояи қатии қонунгузори дар кишвар ва хоса замин  ҳарф зад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.