Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ субҳи имрӯз 22 – юми феврали соли 2022, дар толори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия вохӯрии Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо масъулини сохторҳои марбута баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори Раёсати кишоварзӣ, идораи барқи ноҳия, роҳбарият ва кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, роҳбарони асоссиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар сохторҳои дахлдори марбута ширкат варзиданд.
Баъдан Раиси ноҳия аз сехи таъмирии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия боздид намуда, аз рафти таъмири чархҳо ва дигар лавозимотҳои пойгоҳҳои обкашӣ аз наздик шинос шуданд.
Роҳбарияти ноҳия ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба итмом расонидани таъмир, тоза кардани ҳавзҳои обгирӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва асоссиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия корҳо оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ бомаром идома дорад.
Нимаи дуюми рӯз роҳбарияти ноҳия аз рафти таъмир ва азнавсозии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва дигар иншоотҳо боздид намуда, ҷиҳати дар мӯҳлаҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиёну пудратчиён вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.