Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми майи соли 2020, №19473(25-2) ҷиҳати иҷрои “Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи фавқуллодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” аз 21 – уми майи соли 2021 (D777-TJ) ҷиҳати тақвият бахшидани раванди амалисозии механизми расонидани кӯмакпулии якдаъфинаи иҷтимоӣ ташкил ва гузаронидани корҳои таблиғотию фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ҷалилӣ Аниса муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, Давлатназаров Имомназар сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули сохторҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарӣ, БДА “Амонатбонк”, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои марбута ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин саривақт амалӣ намудани механизми расонидани кӯмакпулии якдаъфаинаи иҷтимоӣ дар доираи компоненти 3 “Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи фавқуллодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”, мутобиқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми марти соли 2014, №148 мебошад.