АШТ: Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ориён.

 224 боздид

Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 – уми декабри соли 2021, №989 ва ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаҳои 4 – 10 январи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз 5 – уми январи соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ориён вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, комиссари ҳарбии ноҳия, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, сардорони Раёсати молия, нозироти андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаву бахшҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, вакилони ҷамоатҳо, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна ва олӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар, пайдо ва паҳн шудани штампҳои нави бемории сироятии коронавирус дар аксарияти давлатҳо, ки дар Паём ироа гардида буд ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард.
Ҳамзамон, интихобкунандагон низ дар рафти вохӯрӣ аз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки чунин вохӯриву мулоқотҳои вакил дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.