АШТ: Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ашт вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 1 014 боздид

05.01.2023

Имрӯз мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо бошандагони Ҷамоати деҳоти Ашт баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки вохӯрӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаи Ашт доир гардида, дар он муовин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, намояндагони расонаҳои хабарӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

 

Нахуст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, баён дошт:

«Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сатмҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар санади равшансозӣ оянда ба ҳисоб меравад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ, ҷумҳурии азизамон бо шукӯҳу шаҳомоти хоса ва дастовардҳои беназир рушд кард, ки ин ҳама натиҷаи хизматҳои Ҷаноби Олӣ мебошад. Мардуми сарбаланди ноҳия аз Паёми роҳбари давлат рӯҳбаланд гардида, барои ободониву созандагӣ кӯшиши худро дучанд равона месозанд. »

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” шарҳу тавзеҳ дод:

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳони иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлатӣ ба таҳқиқот фарогирифташуда, зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Баъдан бо сокинони ҳудуди ҷамоат суҳбати самимӣ дар фазои озод ҷараён гирифта, масъалаҳои пешниҳодгардида, дар ҷояш ҳал карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.