АШТ: Вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо итихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Ошоба ва Ифтихор вобаста ба мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 678 боздид

04.01.2023                                     вақт 14:00

Имрӯз мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо бошандагони ҷамоатҳои деҳоти Ошоба ва Ифтихор баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки вохӯрӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Ошоба доир гардида, дар он муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, баён дошт:

«Аз Паёми роҳбари давлат илҳом гирифта, диёрамонро обод созем. Дар пайрави ба Ҷаноби Олӣ пайваста ҷойи кори доимиро бо сокинон муҳайё намоем. Зимни баромади худ дар Паёмашон Пешвои муаззами миллат баён доштанд, ки ҳар сол беш аз 200 биноҳои нави таълимӣ сохта шавад. Аз ин хотир барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ равона мегардад.»

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” шарҳу тавзеҳ дод:

Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Баъдан бо сокинон сӯҳбати самимӣ двр фазои озод ҷараён гирифта масъалаҳо дар ҷояш ҳал карда шуд. Дар назар аст вохӯри дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома меёбад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.