АШТ: Вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум ва мутахассисони соҳаи тиб бо интихобкунандагон.

 384 боздид

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 11 то 15 – уми январи соли 2022 вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум ва мутахассисони соҳаи тиб бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шуд.
Санаи 14-уми январи соли 2022 дар тарабхонаи “Орзу” –и Ҷамоати деҳоти Ашт вохӯрии Мирдадо Зариф вакил аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ”, №44 бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, комиссари ҳарбии ноҳия, сардорони Раёсати молия, нозироти андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаву бахшҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, роҳбарият ва кормандони ҷамоатҳоти деҳоти Ашт, Ориён, Пунук, вакилони ҷамоатҳо, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Мирдадо Зариф вакил аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ”, №44 оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, эмин нигоҳ доштани аҳолии вилоят аз сироятёбӣ ба бемории КОВИД – 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард.
Ҳамзамон, интихобкунандагон низ дар рафти вохӯрӣ аз вакил аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ”, №44 ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум дар тарабхонаи “Шоҳзода”, маҷлисгоҳи муассисаи давлатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №36 – и Ҷамоати деҳоти Понғоз, маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон, маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳия, маҷлисгоҳи муассисаи давлатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 – и Ҷамоати деҳоти Ошоба, маҷлисгоҳи муассисаи давлатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 – и Ҷамоати деҳоти Ифтихор баргузор гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.