АШТ: ВОХӮРИИ ХАТМКУНАНДАГОН БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ВИЛОЯТ

 308 боздид

Имрӯз дар толори МД театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов вохӯрии хатмкунандагони солҳои 2019-2020 бо намояндагону роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд баргузор шуд.

Чорабиниро Раиси ноҳия Зариф Мирдадо оғоз намуда, гуфт, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муасссисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба касбомӯзӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ—ин нуктаҳоро Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ бозгӯ карданд, ки амалӣ гардидани он на танҳо бо фаъолияти пурсамари омӯзгорон, балки кӯшишу ғайрати насли наврас низ вобастагӣ дорад.

Намояндаи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Мутаваллиев  оид ба шароиту вазъи имрӯзаи донишкада, навгониҳо дар самти таълими хушсифат, мавҷудияти хобгоҳ бо шароити хуби будубош, рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи самтҳои омӯзиш дар донишкада сухан гуфт. Қайд гардид, донишкадаи мазкур ягона муассисаест, ки имрӯз мутахассиси соҳаи саноати вазнинро омода мекунад. Имрӯз, ки ҳадафи чоруми кишварро саноатикунонӣ қарор додаем, ҷомеа ба чунин мутахассисон ниёз дорад.

Намояндаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, проректор Шарафҷон Раҳмонов гуфт, имрӯз донишгоҳ аз рӯйи 80 ихтисос мутахассисонро омода менамояд ва ягона донишгоҳест, ки аз рӯйи панҷ кластер довталабонро қабул мекунад. Робитаҳои дӯстона бо кишвари ҳамҷавори Ӯзбекистон, рушди базаи моддӣ-техникии донишгоҳ, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти талаботи бозори муосири меҳнат қайд карда шуд.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) меваи даврони Истиқлолият аст,—гуфт ҳангоми муаррифӣ намояндаи донишгоҳи мазкур Аминҷон Амонов. –Тибқи гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ДДҲБСТ маркази зеҳнӣ дар самти ислоҳоти қонунгузорӣ маҳсуб мешавад. Соҳиби шаҳодатномаи байналхалқӣ  мебошад. Дар донишгоҳ 6 факултет, 29 кафедра амал мекунанд ва аз рӯйи 29 ихтисос (рӯзона) ва 19 ихтисос (ғоибона) мутахассис омода карда мешавад. Дорои китобхонаи илмӣ ва электронӣ, маркази компютерӣ бо дастрасии ройгон ба Интернет, толори варзишӣ бо 400 ҷойи нишаст мебошад.

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ-ро намояндаи он Абдуғаффор Қаюмов муаррифӣ намуд. Гуфта шуд, он аз рӯйи ду кластер: 2.ихтисоси иқтисодиёт ва география ва 4.ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ довталабонро қабул мекунад. Афзалияти донишкада дар он аст, ки ин ҷо мутахассисони забондон ба ҷомеа ҳадя карда мешаванд. Дарсҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён гирифта, забонҳои дигар, чун хитоӣ, кореягӣ забони хориҷии барои омӯзиш қарор гирифтаанд. Ҳамчунин дар ин муассиса шабакаи ягонаи автоматикунонидаи идораи маъмурӣ ва назорати сифати таълим таъсис дода шудааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ чанд тан аз хонандагон, М.Абдуваҳҳобова, Н.Маҳмудова (литсейи №2), А.Сатторова (гимназияи №1), Ш.Нуриддинов ((МТМУ №40) ва чанди дигар ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.