АШТ: Вохӯрӣ оид ба ислоҳот ва рушди милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 389 боздид

22.05.2023

Имрӯз, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласа доир ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон- полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, ёрдамчии ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-майори милитсия Шарифзода Хушбахт Шариф, намояндаи дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе-Абдуллоев Баҳром, ёрдамчии Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд-майори милиса Шарифзода Далер, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Суғд Саидов Садриддин ва дигар шахсони расмӣ, ки ҳамроҳӣ намуданд, вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарият ва кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, ходимони тиб ва маориф, директорони мактабҳо, имом-хатибон, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд.

Зимни вохӯрӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии мамлакат-полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон -майори милитсия Шарифзода Хушбахт Шариф, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт полковники милитсия- Тағойзода Давлатшоҳ Тағой оид ба рафти тадбтиқи барномаи ислоҳоти милитсия маълумоти муфассал доданд.

Дар партави татбиқи Стратегия ва барномаи ислоҳоти милитсия дар назди мақомоти корҳои дохилӣ Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, имрӯз ҳамкорӣ бо аҳолӣ наздик гардида, эътимоду боварии мардум ба кормандони милитсия афзудааст. Бобати ин раиси Шӯрои милитсия дар ноҳия Зафар Мамадҷонов баромад намуд.

Таъкид гардид, ки бо талошу кӯшиши бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалоӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ба амал баровардани ислоҳот дар низоми кору фаъолият, таъсиси сохторҳои нав ва бунёди бинову иншоотҳои замонавӣ, шароити хизматрасонӣ, фароғату истироҳат, заҳмати зиёд ба харҷ дода шудааст.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.