АШТ: Вохӯрӣ оид ба мавзӯи «Пешгирии падидаҳои номатлуб терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ»

 286 боздид

Ҷиҳати иҷрои мактуби Кумиаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 4 октябри соли равон, №11-(1)-714, барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 15 октябри соли 2021, №538\5\5 ва супориши протоколии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ аз 14 сентябри соли 2021, №16/10-253 оид ба тавсияҳои ҳамкориҳо бо ҷомеа субҳи имрӯз санаи 22 октябри соли ҷорӣ дар толори тарабхонаи “Хуршеди Ҷамшед”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод вохӯрӣ бо иштироки Абдураҳимзода Маҳбуба сармутахассиси Раёсати бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 80 нафар шаҳрвандони ноҳия оид ба мавзӯи «Пешгирии падидаҳои номатлуб терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими аънана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Абдураҳимзода Маҳбуба оид ба амалишавии қонунҳои миллӣ ва оид ба гирифтани грантҳои Президентӣ ва Раиси вилоят сухан намуда, қайд кард, ки занони ҳунарманд, эҷодкор, соҳибкорони инфиродӣ, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ҷавобгӯй ба талаботи қоидаҳо мебошад соҳиби грантҳо мегарданд. Грант метавонад ба рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.