27.08.2022
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа бо иштироки намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм баргузор шуд. Дар оғоз муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баромад намуда, аз номи роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода,
Ваколатдори калони оперативии Шубаи минтакавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд лейтенанти калони милитсия Ҷамшедзода Ҷаҳонгир Ҷамшед ва корманди дигари ин ниҳодро хайрамақдам гуфт.
Дар ҷамъомад мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон, котибон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорон иштирок намуданд.
Ҷамшедзода Ҷаҳонгир зимни баромади хеш вобаста ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳгашта, решакан кардани экстремизм ва терроризм, сабукиҳо дар қонунгузорӣ ба нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дод.
Аниса Ҷалилӣ дар фарҷом баён дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷодаи иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.