АШТ: ВОХУРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

 1 375 боздид

Имрӯз, 23 июни соли 2022, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа бо иштироки намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм баргузор шуд. Дар оғоз муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баромад намуда, аз номи роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, Ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбачаи хариду фурӯши одамони шуъбаи минтақавии мубориза бар зиддц ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд, подполковники милитсия- Шамсиддинзода Дилдор Исомиддин ва Ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбачаи терроризми шуъбаи минтақавии мубориза бар зиддӣ ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зиддӣ ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия-Ғаффорзода Шукур Ғаффор ба ноҳия Ашт хайрамақдам гуфт.

Дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон, котибон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва хешовандону пайвандони шахсиятҳое, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, иштирок нумаданд.

Ғаффорзода Шукур Ғаффор зимни баромади хеш вобаста ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳгаштаи ноҳияи Ашт, решакан кардани экстремизм ва терроризм, сабукиҳо дар қонунгузорӣ ба нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дод.

Дар толор бо волидон ва пайвандони нафарони гумроҳгашта сӯҳбати озод ҷараён гирифта, гуфта шуд, ки агар нафароне, ки аз кирдори худ пушаймонанд ва ба Ватан баргаштан мехоҳанд мақомот омодааст, нсибаташон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро тадбиқ кунад.

Аниса Ҷалилӣ дар фарҷом баён дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷодаи иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.