АШТ: ХИЗМАТ БА ВАТАН АЗ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

 271 боздид

Имрӯз, 2-юми октябр соли 2024, дар майдони парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, сардори коминсарияти ҳарбӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия, падару модарони навдаъватшавандаҳо ширкат карданд.

Дар оғоз Раиси ноҳия баромад намуда, бобати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва пос доштани тинҷиву оромӣ ва хизматҳои Пешвои муззами миллат, ободкориҳо дар ноҳия ҳарф зад:

“Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо беҳтарин шароитҳои зиндагиву хизмат таъмин карда шуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси  масъулиятшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарварии афсарону сарбозон  ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд”.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856  “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997 — 2006” бо камоли ифтихор ва хушнудӣ  даъватшавандагонро ба хизмат, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуд.

Сипас, сарбози қаторӣ аз қисми ҳарбии 14356Б- Ғозизод Саидакпар, даъватшаванда аз ҷамоати деҳоти Понғоз, модари даъватшаванда Қобилова Шарифа гулдухтарон баромад намуда, оид ба ифтихор будани хизмат ба Ватан сухан гуфтанд. Баромади сарбозон ба чорабини ҳусни дигар зам намуд.

Дар охир барои сиҳату саломат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, ба назди волидайн баргаштани даъватшавандаҳо маросими нонгазонӣ баргузор карда шуд.

Дар фарҷом акси хотирави гирифта шуд ва дар маҷмааи фарщангиву фароғатии “30-солагии Истиқоло” барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуд ва аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи фарҳангии ҷолиб пешниҳод гардид.

Хадамоти матуботи Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.