АШТ: ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ НОҲИЯ ЗИЁДА АЗ 1100 АДАД НИҚОБ ОМОДА НАМУДАНД

 376 боздид

Хонандагони Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт тасмим гирифтанд, ки баҳри пешгирии паҳншавии бемории коронавирус то ҳадди имкон саҳми худро гузоранд.
Бо дастгирии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Ваорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба МТИ-и ноҳия 58 метр матои пахтагин, 313 метр резина ва 7 адад ресмон барои омода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ, 7 адад маҳлули антисептикӣ барои безараргардонӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дастрас карда шуд.
Кормандони МТИ бо ҷалби роҳбарони маҳфилҳои дӯзандагию бофандагӣ ва 28 нафар аъзоёни фаъоли маҳфилҳои дӯзандагӣ дар давоми се рӯз зиёда аз 1100 адад ниқобҳои муҳофизатӣ аз бемориҳои сироятӣ омода намуданд.
Ниқобҳои омодашуда ба аъзоёни маҳфилҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аскарони қисмҳои низомии ноҳия ройгон дастрас карда мешаванд.
Тибқи маълумоти сарвари МТИ вилояти Суғд Ф.Ашӯрматов имрӯз дар МТИ-и шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ашт, Конибодом, Деваштич, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов ин иқдом дастгирӣ ёфтааст. Айни ҳол дар Марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят 30 маҳфилҳои дӯзандагӣ амал мекунанд, ки бо истифода аз 100 адад мошинҳои дӯзандагӣ 300 нафар хонандагон бо омода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ машғуланд.
То ин замон беш аз 5 ҳазор адад ниқобҳо бо дастони хонандагони МТИ-и шаҳру навоҳии вилояти Суғд омода ва ройгон тақсим карда шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.