Имрӯз, 10 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи муассисаи таълимии рақами 17 ба номи Абӯалӣ ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Тавре ба мо мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Обода Каримӣ иттилоъ дод, мақши пагоҳирӯзӣ бо иштироки беш аз 39 нафар занон ва наврасону ҷавонон баргузор гардид, ки мақсади асосӣ ин обутоб додани бадан ва таблиғу ташвиқ ва оммавӣ гарднидани варзиш байни бонувон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи апрел то ҳол дар ноҳияи Ашт бо иштироки ҷавонону наврасон, бонувон ва табақаҳои гуногуни ҷомеа машқи пагоҳирӯзӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешавад.