АШТ: Зиёда аз 330 оила бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд

 330 боздид

Дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили бошукӯҳи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 27 майи соли равон, бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Дадобоев Абдуразоқ ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинони маҳаллаи Орифони Ҷамоати деҳоти Пунук аз нав бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Ба маблағи зиёда аз 60 (шаст) ҳазор сомонӣ қубур ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ харидорӣ карда шуда, дар муддати 10 шабонарӯз корҳои таъмиру тармим ва насбкунии қубурҳои обгузар тариқи ҳашар гузаронида шуд. Минбаъд сокинон метавонанд бемамоният аз оби ошомиданӣ ба таври васеъ истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки аз сабаби фарсуда шудани қубурҳои обгузар 3 (се) сол инҷониб сокинони минтақаи мазкур ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.