Дар толори муассисаи таълимии №65-и маркази ноҳия маҳфили вилоятии “Ганҷи сухан” баргузор шуд.
Меҳмонони вилоятро Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ба ноҳия шодбошӣ намуда, беҳтарин таманниёти хешро ба аҳли қалам бозгӯ намуд. Қайд карда шуд, ки ноҳияи Ашт дар домони биҳиштааш фарзонафарзандони зиёдро парвардааст, ки имрӯз муаррифгари фарҳангу маданият ва тамаддуни миллат ҳастанд. Маъдани Понғозӣ, Маҳмудҷон Воҳидов, Нурулло Ҳувайдуллоев, Маъруф Исоматов, Ҳувайдулло Ҷалилов, Фарҳод Зикриёев ва чанди дигар маҳз аз хоки поку шоирхез ва олимпарвари ноҳияи Ашт сабзидаанд.
Маҳз шоир, адиб, нависанда, журналист, қаламкаш муаррифгари таъриху тамаддуни ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Нафаре, ки воситаи таъсиргузортарин дар дасту панҷаи ӯст ва нигоштаҳояш абадӣ дар таъриху тамаддун боқӣ мемонанд.
Сарвари маҳфили адабии “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов ба роҳбари ноҳия арзи сипосу эҳтиром намуд. Гуфт, ноҳияи Ашт сарзамини шоирпарвар аст ва ин ҷо ба қадри сухан беш аз пеш мерасанд. Аз шукуфоӣ, ободӣ, навгониҳои ноҳия изҳори сурур кард.
Ширкаткунандагон аввалан маърӯзаи доктори илмҳои филологӣ М.Ғолибҷоновро дар мавзӯи “Пешвои миллат ҳомии забони тоҷикӣ” шуниданд. Гуфта шуд, забони тоҷикӣ таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, ки воқеан арзандаи омӯзиш аст. Мавсуф дар бораи китоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат—ҳастии миллат”, ки аз 5 боб иборат буда, соли 2016 ба дасти чоп расидааст, андешаҳояшро бозгӯ намуд. Гуфта шуд, мутолиаи китоби болозикр дар баробари асари “Чеҳраҳои мондагор” барои насли наврас муҳим аст.
Дар баромади ходими давлатӣ, корманди шоистаи ҶТ Нодирҷон Солиҷонов дар мавзӯи “Нақши Абдулло Қаҳҳор дар пайванди тоҷику ӯзбек” риштаҳои хешу таборӣ, дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва бародарии ин ду миллат таҳлил карда шуд. Ӯ дар бораи ҳаёту фаъолияти нависандаи бузурги ӯзбекзабон, ки парвардаи ноҳияи Ашт аст, маълумоти муфассал дод.
Аъзои маҳфил Субҳони Аъзамзод аҳли нишастро бо маҷмӯаи “Аввалин намунаи сабти шева ва лаҳҷаи Ашт”, ки аз ҷониби Л.Бузургзода ҳанӯз соли 1937 сабт шудааст, шинос намуд. Гуфт, Л.Бузургзода аввалин нафаре маҳсуб меёбад, ки ба ин мавзӯъ, яъне хусусиятҳои шева ва лаҳҷаи ноҳияи Ашт даст задааст. Ва инак, баъди 85 сол маҷмӯа дастрас шудаву ин замон мавриди таҳлил қарор дорад.
Дар маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” аъзоёни маҳфил, устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ш.Тоҷибоев, Б.Маҷидова, И.Усмонов, Н.Арабзода, Ҳ.Юсупов, М.Мавлонова, М.Тиллохоҷаева, Г.Калонзода, Ҳ.Зоиров, Ш.Ҳакимова ва чанди дигар иштирок намуданд.
Дар анҷом сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” З.Аҳмад ва аъзоёни маҳфил Гулрӯи Муҳаббатзод, Гулбаҳор Маликзода ва дигарон аз эҷодиёти хеш намунаҳо қироат карданд.
Суруду рақсҳои ҷаззоб ба маҳфил ҳусни тоза ҳадя намуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия