АШТ:МАШВАРАТИ ВАСЕИ РАИСИ НОҲИЯ ГУЗАРОНДА ШУД

 2 125 боздид

13.09.2022.

Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба рафти иҷро қарори Раиси вилояти Суғд аз 15.06.222, таҳти №238 “ Оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 ва гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” , ҷамъоварии ҳосили пахта 2022 ва масъалаҳои ҷорӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад, муовинон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони маҳалла ва дигар шахсони дахдор иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед бобати “ Омодагӣ ҷавонписарон ба даъвати тирамоҳии соли 2022 ва гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” ба аҳли толор маълумоти муфассал дод.

Сипас, бо таҳлилҳои амиқ Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба масъалаи дар боло зикргардида баёни назар нумад:

“Барои дар сатҳи баланд анҷом додани хизмат дар сайфи Қувваҳои муассалаҳи кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тамоми тадбирҳо андешида шудааст. Дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит буду бош фароҳам оварда шудааст. Танҳо моро зарур аст, ки ба марзу буми Ватан ва Пешвои миллат содиқона хизмат намоем.”

Баъдан, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баромад намуда, доир ба рафти иҷрои обуна ба рузномаву маҷаллаҳо гузориши васеъ дод.

Дар анҷоми ҷаласа Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба масъулин вазифагузорӣ анҷом дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати ободу зебо намудани ноҳия ва пеш бурдани фаъолияти меҳнатӣ корбарӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.