6-октябр гуруҳи кории ҳашарчиён бо роҳбарии Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба майдони кишти пахтаи хоҷагии деҳқонии «Рахшона» ва «Муфтоев»-и ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар рӯзи истироҳатӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта саҳм гузоштанд.
Гуруҳи кориро Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Давоми рӯз ҳашарчиён бо меҳнати аҳлона тиллои сафедро ҷамъоварӣ карданд.
Хотирасон менамоем, ки рӯзҳои истироҳатӣ кормандони бахши кор бо занон ва оила, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, шуъбаи маориф ва дигар сохторҳо ба ҳашари пахтачинӣ баромада, ба кишоварзон ёрӣ мерасонанд.
Маркази матбуотии Раиси ноҳияи Ашт