АШТ:Саховати «Ҳадяи меҳр»

 353 боздид

Ҷамоати деҳоти Пунук яке аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба ҳисоб меравад. Деҳаи Сарвак (анклав) дар ҳамин ҷамоат ҷой гирифтааст. Дар ин деҳа 111 хоҷагӣ бо фарогирии 624 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Як муассисаи таҳсилоти миёна (№56) ва як бунгоҳи тиббӣ амал мекунанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ба 105 нафар хонандагон наздики 20 омӯзгор дарс мегӯянд. Деҳа кӯҳӣ буда, аҳолиаш асосан аз ҳисоби чорводорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ рӯз мегузаронанд.
Моҳҳои охир барои сокинони ин маҳал душворӣ пеш омадааст, чун ҷумҳурии ҳамҷавори Ӯзбекистон дар ҳолати карантинӣ қарор дорад.
Тибқи иттилои Раиси ҷамоати деҳоти Пунук Бурҳониддин Муҳиддинзода наздики ду моҳ мешавад, бо дастгирии роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ва соҳибкорони саховатманд аҳолии ин маҳал бо маҳсулоти ниёзи аввал таъмин мешаванд.
Бояд гуфт, ҳафтае пеш аз ҷониби роҳбарияти МИҲД-и ноҳия низ ба аҳолии деҳа маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орду равған, биринҷ, макарон, сабзавот ва ғайра дастрас карда шуда буд.
Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон гурӯҳи ихтиёриён (волонтёрон)-и “Ҳадяи меҳр” бо мусоидати МИҲД-и ноҳия барои 50 нафар сокинони ниёзманди деҳаи Сарвак саховатмандӣ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, зиёда аз се тонна маводҳои хӯрока: 1250 кг орд, 150 кг шакар, 150 кг биринҷ, 250 литр равған, 50 кг намаки ошӣ, 100 кг картошка, 150 кг пиёз, 200 кг сабзӣ, маҳсулоти ғалладонагӣ, хокаву собуни ҷомашӯӣ ва дастшӯӣ, 50 адад шампун ба оилаҳои ин деҳа тақдим карда шуд.
—Дар ин рӯзҳои мушкил ин саховатмандии “Ҳадяи меҳр” хеле бамаврид аст,—зикр намуд вакили ҷамоат Акмал Қиличев. –Изҳори сипоси аҳли деҳаро ба ин хайрхоҳон мерасонам.
Дар анҷом ҷойиз донистам, дар бораи гурӯҳи ихтиёриён “Ҳадяи меҳр” барои хонанда маълумот диҳам, чун рисолаташ басо муқаддасу пазируфтанист.
“Ҳадяи меҳр” (“Дари добро”)—сарвараш Парвиз Қосимов, соли шашум аст, дасташро ҷониби сокинони кӯтоҳдасти шаҳру навоҳии вилояти Суғд дароз мекунад, дили чандин нафаронро ба даст овардаву мушкили садҳо нафарро осон кардааст.
Самти фаъолияти гурӯҳ гуногун аст: ёрӣ ба маъюбон, кӯҳансолони яккаву танҳомонда, оилаҳои камбизоат, онҳое, ки гирифтори бемории дил ва саратон ҳастанд, кӯдакони сактаи дилдошта. Ҳар моҳ барои табобати кӯдаконе, ки сактаи дил доранд, то қадри имкон ёрӣ медиҳанд. То инҷониб аксияҳои хеле зиёде дар Хонаҳои пиронсолон, интернатҳо доир намудаанд.
Инҷо албатта хонанда суол мекунад, ки гурӯҳ аз куҷо маблағ дарёфт менамояд? Тавассути муарифӣ ва реклом дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бад ин васила ҷалб намудани саховатмандону соҳибкорон.
Боиси зикр аст, ҳар нафар интиёрие, ки дар ин гурӯҳ фаъолият дорад, танҳо бо мақсади ёрӣ расонидан ба мӯҳтоҷону беморону камбизоатҳо кор мекунад ва ҳар нафар ҷойи кории худро дорад, яъне вазифаи ихтиёрӣ будан шуғли онҳосту халос.
Сабти номи якчанд нафар ихтиёриёни фаъол ҷойиз аст: Шарипова Фарангис, Раҷабова Саида, Соҳибова Рушана, Муродов Хайрулло, Абдусамад, Мубина, Наврӯзшоҳ ва чанди дигар.
Ба ихтиёриёни фидокор “Ҳадяи меҳр” арзи сипоси аҳли деҳаи Сарвакро бори дигар мерасонем!
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.