Аёдати 10 нафар оилаи ниёзманд

 1 223 боздид

Имрӯз, 21-уми июн бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва соҳибкорони маҳаллӣ 10 нафар оилаи эҳтиёҷманди ноҳия аёдат карда шуданд.

Обода Каримӣ мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия мегӯяд, дар арафаи таҷлили идҳо чун анъана оилаҳои эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида мешавад. Имрӯз низ мо ба хонаи 10 нафар оилаи эҳтиёҷманд ташриф оварда, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи МИҲД-и ноҳияро тақдим намудем.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи таҷлили ҷашнҳои миллӣ собиқадорони соҳаҳои мухталифи ноҳия, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд аёдат карда мешаванд.

Як тафсир

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.