АЁДАТИ АБДУЛЛО

 108 боздид

Аз аёдату дидорбинии Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва ҳамроҳонаш аҳли оилаи Шоматовҳо аз деҳаи Пискокати ҷ.д. Ашт хушнуд шуданд. Чунки меҳмонон баробари аёдату хабаргирӣ аз ҳолу аҳволи хонадон ба фарзанди маъюбашон Абдуллои шашсола аробачаи маъюбӣ тақдим намуданд. Акнун Абдулло метавонад тавассути аробача ҳаракат кунад ва ба дӯши волидон камтар вазнинӣ орад.

—Барои чунин таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти МИҲД-и ноҳия, бахусус Раиси ноҳия изҳори сипос менамоям,—бо хушнудӣ изҳор дошт модари Абдулло Шоматова Гулнигор.

—Чанд муддат аст, ки фарзандам дар орзуи чунин аробача буд. Имрӯз дар арафаи Соли нави милодӣ ин ҳадя на танҳо барои ӯ, балки барои мо, аҳли оила низ воқеан хушоянд аст.

Т.МИСРОБИ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.