Аёдати бошандагони Интернати давлатии наздимактабии №2

 479 боздид

Санаи 19 март соли ҷорӣ, дар интернати давлатии наздимактабии №2-и маркази ноҳия, ва интернати давлатии № 1-и  Ҷамоати деҳоти Ашт, бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идона мудири бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Баҳром Тоҳиров ва сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Озод Юсуфӣ иштирок намуданд.

Озод Юсуфӣ сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд,табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Наврӯзи фархундапай ба самъи иштирокдорон расонид.

Дар охир аз тарафи бошандагони интернати давлатии рақами 1 ва 2 барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.